Видеои кӯдаки шашсолае, ки ҳангоми қироати шеър дар бораи модар ба гиря даромад, ҳамаро ба риққат овардааст. Ин кӯдак, ки дар як чорабинии идона шеър мехонд, вақте ба мисраи «Модар, ту биҳишти ҷовидон баҳри манӣ!» расид, домани гиряро сар дод. Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео маълум нест, вале зоҳиран ин як чорабинии идона ба муносибати иди Модарон аст. Кӯдаки шашсола дар ин чорабинӣ ин шеър дар бораи Модарро қироат мекард: Хуршеди меҳри ту Бузургтарин тармаи сардро об мекунад. Феъли ғазабат Девори азимтаринро хароб мекунад. Ёд дорам, Нахустин сухани гуфтаам “Модар” буд. Модар, Ту биҳишти ҷовидон баҳри манӣ! Модар, Ту биҳишти ҷовидон баҳри манӣ! Модар, Ту дар ин олами бе меҳру вафо Бахшандаи умри ҷовидон баҳри манӣ!
Hide player controls
Hide resume playing