✅ Мусалмонон бояд як ҳизб бошанд • Савол: «Ҳизбиён дар бораи ҷоиз будани ҳизб ташкил кардан мегӯянд, барои он ки Аллоҳ таъала мегӯяд: «“Бадурусти, ҳизби Аллоҳ — онҳо муваффақ шудагонанд”. أَلَاۤ إِنَّ حِزۡبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ (ал-Муҷадаля 58:22)». • Шейх Муқбил (رَحِمَهُ الله) гуфт: «Ҳизби Аллоҳ! Мусалмонон бояд як ҳизб бошанд. Инхел не, ки дар шумо — ҳизби шияҳо, дар онҳо — ҳизби суфиҳо ва ғайра. Дар шияҳо ҳизби “Ҳуқъ ал-Бурдуқан” аст, дар суфиҳо ҳизби “ар-Робита”, ва дар он боз ҳизби “ал-Ислаҳ”, ва дар он ҳизби “ал-Муътамар”. Оё ин аз ислом аст?! Ҳамаи мусалмонон, арабҳо ва ғайри арабҳо, сафедон ва сиёҳон, воҷиб аст ба онҳо як ҳизб бошанд. Чунин аст воҷиб, як ҳизб будан. Ва аммо мусалмонон ҷудо шаванд, гум мешавад қувваташон ва душманонашон онҳоро қапмезананд, ва ин — ҳизбийя, партофта шудааст ба мо аз ҷониби душманони Ислом! Ва ба сӯи Аллоҳ барои ёрдам дуо мекунем (Аллоҳул-муста’ан)!» 🔊 Сл. «Таҳзирул-хайран мин талбисат ас-сурурийя вал-ихван»
Hide player controls
Hide resume playing