#NAVIDI_NAJM #NAJM_TV #НАҶМ_ТВ ДАР ОЛМОН АЗОН ГУФТАНРО БО БАЛАНДГӮЯКҲО ИҶОЗАТ ДОДАНД | НАВИДИ НАҶМ КИШВАРИ ОЛМОН, ДАР ШАҲРИ КЁЛН АЗОН ДОДАН ТАВАССУТИ БАЛАНДГӯЯКҲОРО ИҶОЗАТ ДОД. Мақомоти шаҳри Кёлни Олмон, азон гуфтан барои намози ҷумъаро ба воситаи баландгӯякҳо дар 35 масҷиди ин шаҳр иҷозат доданд. Дар ин шаҳри Олмонӣ, ки дар иёлати “Рейн-Вестфалияи Шимолӣ” ҷойгир аст, ҷомеаи бузурги мусалмонӣ ба сар мебаранд. Шаҳрдори Кёлн, хонум Ҳенриетте Рикер гуфт: “Шӯрои мунисипалӣ дар асоси дархостҳо дар ин замина, дар натиҷаи як лоиҳаи озмоишии дусола, ба хулосаи мусбӣ расида азон гуфтан тавассути баландгӯякҳоро иҷоза дод.”
Hide player controls
Hide resume playing