Myvideo

Guest

Login

Тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истилоли давлатии умурии Тоикистон дар шари Хуанд

Uploaded By: Myvideo
1 view
0
0 votes
0

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи пуршебу фарози тайкардаи мардуми кишвар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд». Ба андешаи Президенти кишвар «Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад». Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки шаҳрвандони кишвар ҳар як ҷашни милливу давлатии худ, хусусан, ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расонида шудааст. Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later