“Ситораи тоҷ” дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳо ба ин тараф аз кор монда буд, бо сармоягузории ширкати “БТК групп”-и Русия фаъол карда шуд. Корхонаи мазкур либосҳои кории мардона аз қабили шиму котсюм, трикотаж ва нимтана истеҳсол карда, ҳудуди 700 зан аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Нигора Халилова, мудири шуъбаи истеҳсолии “Ситораи тоҷ” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки тавлидоти маҳсулот дар ин коргоҳ, тибқи сифат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта, ба хориҷи кишвар содир мешавад.
Hide player controls
Hide resume playing