Myvideo

Guest

Login

Tojikam man

Uploaded By: Myvideo
2,252 views
0
0 votes
0

Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам, Бо Ватан ҳамҷону ҳамтан тоҷикам. Хуни ман хуни ниёкони ман аст, Ҳамнажодам бо Таҳамтан, тоҷикам. Пири тусӣ сарнавиштамро навишт, Коваю Баҳрому Бежан, тоҷикам. «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме», Аз дили ту в-аз дили ман, тоҷикам. Ман Самарқанду Бухоро, ман Хуҷанд, Ман Душанбе, тахти меҳан тоҷикам. «Маснавӣ» Қуръони ман бо паҳлавист, Сирри найро кард равшан, тоҷикам. Ман ба халқони ҷаҳон бахшидаам, Аз бузургон чанд сад тан, тоҷикам. Рӯдакӣ чун уд бигрифту навохт, Дигарон карданд шеван, тоҷикам. Фонии ман шуд Навоӣ дар Ҳирот, Бо ҳама ман шӯҳратафкан, тоҷикам. Мавлавӣ бигрифт сар то пои Рум, Бо сурудан, дурр бисуфтан тоҷикам. Халқи озар бо Низомӣ шод монд, Хусрави Ширини арман, тоҷикам. Хоки Деҳлӣ бӯи Бедил мекунад, Булбули сад боғу гулшан, тоҷикам. Чун Ғанӣ бо атри Кашмир зиндаам, Мисли Шоҳин, мисли Маъдан, тоҷикам. Панди Саъдӣ кохи дунё зеб дод, Шуд мунаққаш, шуд музайян, тоҷикам. Ҳафт дарё, ҳафт кишвар бигзарам, Нақши ман бошад муайян, тоҷикам. Ман нарафтам аз паси Те

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later