Дар ин чорабинӣ, ки барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанди доир гардид, беш аз 400 мотосиклрон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия ва Белорусия гирди ҳам омаданд Чорабинии мазкур аз сӯи ҷамъияти мотосиклронҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, баргузории онро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ва ҳукумати вилояти Суғд пуштибонӣ кардаанд. Дар доираи баргузории мавсими байналмилалии мотосиклронӣ дар Хуҷанди Тоҷикистон, инчунин намоиши мошинҳои варзишӣ ва дрифтҳо баргузор гардид.
Hide player controls
Hide resume playing