22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд. Барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд. Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд.
Hide player controls
Hide resume playing