Думаи давлатии Федератсияи Русия қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо бе донисбати забони русӣ манъ намуд. Тибқи қонун, қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳо танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳони ройгон аз забони русӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ё шаҳрӣ имконпазир аст. Дар баробари ин кӯдаконе, ки аз имтиҳон намегузаранд, имкони таҳсил дар муассисаҳои таълимиро надоранд. Муфассалтар дар бораи ин масъала ба Sputnik Тоҷикистон Маргарита Лянге, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди Президенти Русия иттилоъ дод.
Hide player controls
Hide resume playing