Myvideo

Guest

Login

mavrigi Buxoro_10

Uploaded By: Myvideo
102 views
0
0 votes
0

“Mavrigi“ ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert LYRICS: Ҳай ҷон, маҳбубам, матлубам, ёр Холи лабатон шавад насибам, ёр Гуфтам ки магар ба иттифоқи асҳоб Дар мавсими гул тар кунам бодаи ноб. Булбул зи чаман наъразанон дод ҷавоб Ки эй бехабарон, фасли гулу барги шароб Гар худоро дӯст дорӣ, як шабе танҳо биё Як шабе танҳо биёю лаблаби дарё биё Ҳамчу оҳуи хутан аз домани саҳро биё Ёри ман лайло биёю, ҷони ман дарё биё Оташ ба дидаро лаби дарё чи фоида ёр, Девонаям, насиҳати доно чӣ фоида ёр Оҳу ба дашт медавиду нола мекашид, ёр Сайёди бекамон давидан чи фоида, ёр Он ба булбуле замзаме бунёд мекунад Аввал ба назди барги гулаш ёд мекунад Теғе ба даст гирифта истода айвони бесутун Даъвои хуни ноҳақи Фарҳод мекунад Диламро аз ғамат девона кардӣ, Сафои нозукум савдо накардӣ Надонистам ки бемеҳру вафоӣ Ту ин шаҳри ишқи ман вайрон кардӣ Ба ёдам омадӣ ҷоно, дилам садпора мегардад Давои пораи дил бӯса аз лаб чора мегардад Аҷаб мӯе, аҷаб рӯе, аҷаб маҳбуби дилҷӯе Ба пеши ҳусни рӯят моҳи нав сайёра мегардад

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later