Раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт аз 11 то 17 август дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатӣ баргузор мешавад. Ӯ ҳамчунин гуфт, намояндагони ду кишвар бо шумули кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷойҳои баҳсӣ дар Чоркӯҳ ва Ворух дидан карданд ва эҳтимол моҳҳои наздик сарҳад пурра аломатгузорӣ ва барои рафту омади шаҳрвандон боз шавад. Ба таъкиди Аҳмадзода ҳоло 94% марз пурра аломатгузорӣ шудааст.
Hide player controls
Hide resume playing