Фидои он диле ки аз дард созу сухтан дорад Талоши дарди дилҳои дигар ҳам бинвохтан дорад Чу боло меравӣ аз пастиҳо ғофил машав ҳаргиз Ба пастиҳо уқоб аз қулла чашм андохтан дорад Мабояд лофи яктогӣ задан дар ҳеҷи охир Ки аз фарёди ноҷо кабк сар дар бохтан дорад Макун умеди сабзидан туро гар дастгире нест Ниҳон аз боғубон дар боғ сар афрохтан дорад Машав норозӣ аз рӯзе, ки ояд нобарорие Ки анҷоби шаби торик субҳ афрухтан дорад Машав норозӣ аз рӯзе, ки ояд нобарорие Ки анҷоби шаби торик субҳ афрухтан дорад Ёрон ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист Рӯзе, ке меравад ғами рӯзгор чист Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Ёрон баҳори зиндагӣ гулфишон гузашт Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт Ин дил ки ранҷ мекашад то кай саломат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Ин дил ки ранҷ мекашад то кай саломат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Ёрон сари азиз фидои саре кунед Дар ҳар даре тараннуми шери дарӣ кунед Шеъру суруд шӯълаи субҳи саодат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Шеъру суруд шӯълаи субҳи саодат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Ёрон ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист Рӯзе, ке меравад ғами рӯзгор чист Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст Сотрудничество: farruh@
Hide player controls
Hide resume playing