УШШОҚИ САМАРҚАНД - ЗАЙНАБ ПОЛВОНОВА. Ғазал аз Зебуннисо, оҳангӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост, Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост. Карашма – теғу мижа – ханҷару нигаҳ – алмос, Шаҳодат ар талабӣ, Дашти Карбало ин ҷост. Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахӯрӣ, Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост. Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам, Хати ту дидаму гуфтам: «Муддао ин ҷост!» Закоти ҳусн, агар медиҳӣ барои Худо, Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост. Ғазал аз Зебуннисо (1638 - 1702) Оҳангӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ (1852 - 1936)
Hide player controls
Hide resume playing