Сохтмони мактабе дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич, ки бо мушкили камбуди маблағгузорӣ ҳашт сол боз нотамом мондааст, бо саҳми муҳоҷирони кории Русия ба анҷом расонида мешавад. Ҳудуди якуним ҳазор муҳоҷири ин деҳаи Суғд, ки умдатан дар шаҳри Москваи Русия кору фаъолият мекунанд, барои сохтмони ин мактаб як фонди хайриявӣ ташкил намуда ҳар кадом аз рӯи имкону тавони худ маблағгузорӣ мекунад.
Hide player controls
Hide resume playing