Мо булбули мастем, чаман нест моро Мо марди мусофирем, ватан нест моро Ин умри азиз ки беватан мегузарад Кардем сафари дуру кафан нест моро Ин абр, ки бар сахни чаман мегиряд Бар хандаи насрину суман мегиряд Не-не, ки ба ғурбат аз ситамхои фалак Бар ҳоли ғариби зори ман мегирьяд Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам Навоятро ҳама меҳру вафоятро…
Hide player controls
Hide resume playing