Маросими ёдбуд дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо ҳузури дипломатҳо, фаъолони ҷамъиятӣ, гурезаҳои афғон ва муҳассилини мактаби “Сомониён“ баргузор шуд. Аҳмадшоҳи Масъудро ҳамчун қаҳрамони миллии Афғонистон мешиносанд ва дар ёд доранд, ки барои озодию рушди ватанаш ҷонфидоиҳо кардааст. Аз маросими ёдбуди қаҳрамон дар Душанбе хабарнигори Sputnik Тоҷикистон навореро таҳия кард.
Hide player controls
Hide resume playing