Ҳамдиёрони азиз, мухлисони телевизиони «Варзиш»! Роҳбарият, ҳайати эҷодӣ ва техникии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ҳамаи уморо бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу бурдборӣ, завқи баланд ва нигоҳи заккиро таманно дорад. Соли гузашта соли ифтитоҳи телевизиони дўстдоштаи мову шумо-соли амалӣ гаштани орзуи деринаи миллионҳо ҳаводорони варзиши кишвар буд ва таи 10 моҳи фаъолият мо аз ҳамкориҳои ҳамешагии шумо изҳори сипос мекунем. Маҳз дархосту пешниҳод ва таклифу андешаҳои шумо барномаҳои моро рангинтару ҷолибтар намуд. Умедворем, дар соли нави 2017 ҳамкориҳои мову шумо боз ҳам қавитар шуда, дар сатҳи зарурӣ густариш меёбанд. Дари муассисаи мо ҳамеша ба рўи ҳамкорӣ бо шумо ва мусоидат барои таҳияи барномаҳои баландмазмун кушода аст. Бори дигар ҳамаи шумо ҳамдиёрон азиз ва мухлисони арҷмандро бо фаро расидани Соли Нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, ба шумо дар кору зиндагӣ барору комёбиҳоро орзумандем. Бигузор Соли Нав - соли пешрафт ва шукуфоии Тоҷикисто
Hide player controls
Hide resume playing