Шавҳар кардан ё дониш гирифтан • Саволдиҳанда: «Чӣ гуна аст ҳукми шаръӣ нисбат ба зане, ки мегӯяд: “Агар ки издивоҷро Аллох барои бандагон муқарар намекард, ман шавҳар намекардам, балки гирифтани илми шариатиро идома медодам ва дар корҳои дунё парҳез мекардам”»? • Шейх Муқбил (رَحِمَهُ الله): «Никоҳ воҷиб нест, бар ӯ ғайр аз ҳолате ҳангоме ки ӯ аз васваса битарсад. Вале издивоҷ матлуб (мустаҳаб) аст. Чунки Паёмбар ﷺ, чи гунае, ки дар ду маҷмӯаи Саҳеҳ дар асоси ҳадиси Ибн Масъуд омадааст гуфт: “Эй ҷавонон! Агар ҳар касе аз шумо имкони издивоҷ карданро дошта бошад, пас бигузор зан гирад, зеро ки ин ба ӯ кумак мекунад, ки нигоҳашро заиф кунад ва аз фасод дурӣ ҷӯяд. Ва ҳар касе кӣ имкони издивоҷ кардан надорад, бигузор рӯза бидорад. Азбаски ин хел ӯ шаҳвонияташро фурӯ мебарад”. Барои ҳамин, мо ба вай маслиҳат медиҳем, ки издивоҷ кунад. Аммо дар баробари ин тавсия медиҳем, ки шавҳари солеҳеро интихоб кунед, то ки ӯ вайро дар динаш ёри расонед. Аллоҳ кумак расонад”. Олими барҷаста, имамул сунна: шейх Муқбил ибн Ҳадий ал-Уадиъй (раҳимаҳуЛлаҳ), муҷаддид ва муҳаддиси Яман, раиси Маркази Дарул-ҳадис (Даммаҷ):
Hide player controls
Hide resume playing