Дӯстон бошад, ки гирад дастӣ дӯст... Марде аз пешиниён, дари хонаи дӯсташро зад. Дӯсташ аз хона берун омад ва гуфт: Чи шудааст? Гуфт: Ба 400-дирҳам ниёз дорам. Ӯ дарҳол вориди хона шуду 400-дирҳам оварда ба дӯсташ дод, сипас ба дохили хона омаду гиря кард... Ҳамсараш гуфт: Агар додани ин маблағ инқадар бароят сахт буд (ки ба гиря афтодӣ), чаро ягон узре наовардиву аз додани маблағ худдорӣ мекардӣ?! Мард гуфт: Гиряам барои ин аст, ки чаро аз ҳолаш хабар намегирифтам ва аз ӯ бехабар мондам, ки ӯ маҷбур шуд худаш ниёзашро ба ман бигӯяд. Бародари азиз! Нагзор бародарат муҳтоҷ шавад ва дарвозаи номусашро кушода ру ба суи ту биорад пеш аз оне, ки бародари имонии мо ба гирифтори ҳолати тангдастӣ мешавад, мо аз ҳолашон пурсон шавем. Аллоҳ Таъоло дар ин роҳ аз мову шумо кор гирад. Амин. [التبصرة في الوعظ: ۲/ ۲۶
Hide player controls
Hide resume playing