10 уми июн президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе шахсан Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Баъди музокирот дар сатҳи олӣ зиёда аз 30 санаду қарордод миёни Тоҷикистон Узбекистон ба имзо расиданд. “Рӯшди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ”, “мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон”, ва “сохатни як неругоҳи барқӣ обии муштарак дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” аз муҳимтарин қарордодҳои баимзорасида мебошанд. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон давом дорад. Шоми имрӯз дар Кохи Борбад барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки президентҳо доир мегардад. Дар саҳна беш аз 200 сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ҳунарнамоӣ мекунанд. Қарор аст фардо Эмомали Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба вилояти Суғд сараф кунанд. Меҳмонони олимақом бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Қолинҳои Суғд” ва корхонаи тавлидотии “Ҷавонӣ” шинос мешаванд ва аз “Қасри Арбоб”-у Боғи миллӣ дидан мекунанд. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: Facebook: https
Hide player controls
Hide resume playing