Myvideo

Guest

Login

ДАР СГИ КУШТАШУДАГОНИ ЗИНДОНИ ХИШТ...

Uploaded By: Myvideo
64 views
0
0 votes
0

Мекашад боз фиғон, боз фиғон миллати мо, Мушт бар фарқи сару теғ ба ҷон миллати мо. Ин чи шӯрест, ки ифтор ба хун бикшояд, Аз ҷигар, боз ба шоми Рамазон миллати мо? Ин чи дунёст, чи дунёст, ки санг андозад, Ҳар замон, то ки биуфтад ба даҳон миллати мо? Ин чи пешонии шӯр асту чи толеъи сиёҳ, Ки аз он монда таҳи ранҷи гарон миллати мо? Ин чи торих, чи айёми мазаллатборест, Ки ҳама умр ҳаросад зи фалон миллати мо? Мекушад, медараду зору парешаш созад, Гург, гурге, ки гирифтаст шубон миллати мо! Аз камони қади худ тир ба ҷонаш бизананд, То надорад ба кафи хеш камон миллати мо. Инчунин будаву ингор чунин хоҳад буд, То ба он дам, ки чунин асту чунон миллати мо! Исфандиёри Назар, Олмон,

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later