Бисёр мешавад, ки бо ташхиси (диагнози) тсистит (цистит) ё илтиҳоби масона муолиҷа мекунанд. Дар ҳоле, ки дар таҳқиқи лаборатории пешобу хун ва таҳқиқи ултрасадоии (УЗИ) гӯрдаҳову найчаҳои пешобу масона камбудӣ наёфтаанд. Ин, албатта, иштибоҳ аст. Дар ин ҳолат бояд на танҳо уролог, балкӣ невролог ҳам муоина кунад ва шояд, ки масонаи нейрогенӣ ё масонаи гиперактивӣ бошад.
Hide player controls
Hide resume playing