Myvideo

Guest

Login

авопаймои аввал рафт, аммо муоиронро набурд

Uploaded By: Myvideo
1 view
0
0 votes
0

Аввалин рейси мунтазам аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия парвоз карда натавонистанд. Шаби 3 апрел аз Маскав ба Душанбе аввалин ҳавопаймо парвоз кард, ки бо ин яксола алоқаи ҳавоии байни ду давлат боз шуд. Ҳавопаймои ширкати россиягӣ “ЮТейр” 258 нафарро ба Тоҷикистон расонид. Миёни онҳо асосан муҳоҷирони меҳнатӣ буданд. Баъзеашон зиёда аз як сол аз дидори наздикон маҳрум будаанд. “Хеле пазмон шудам, якуним сол шуд наздиконро надида будам, холо меравам зиёрати наздикон”, - мегуяд яке аз онҳо, ки дар Русия зиёда аз як сол кор мекарду ҳуҷҷат барои шаҳрвандӣ гирифтан дуруст мекард. Мусофирон мегӯянд, чиптаро бо нархи қариб 150 доллар дастрас кардаанд. То ин дам аз Русия танҳо хатсайрҳои чартерӣ парвоз мекарданд, ки қимматашон чандин маротиба гаронтар аз ин буд. Ва бисёриҳо имконияти хариди чиптаро надоштанд. Ахиран мақомоти тоҷик ба нархгузории чипта маҳдудият гузошт – ширкатҳо барои омаду рафти ҳавопаймояшон, барои мисол ба самти Маскав-Душанбе-Маскав, набояд зиёд аз

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later