Myvideo

Guest

Login

3 ШАРТ ИХЛОС, БАР ЗИДДИ ШИРК ШЕЙХ АБДУЛЛА ИБН ИБРИН

Uploaded By: Myvideo
8 views
0
0 votes
0

3 ШАРТ — ИХЛОС, БАР ЗИДДИ ШИРК Ва аммо шарти сеюм бошад, пас ин - ихлос аст. Ва маънои он дар он аст, то ки инсон ибодатро холис (тоза аз ширк) ба Аллоҳ таъала кунад, ва ягон чизи онро ба ягон кас сарф накунад ҷуз Аллоҳ, на дар ният на дар амал. Ва ба шумо маълум аст далелҳои бисёре, ки далолат мекунанд ба амри ихлос кардан. Сухани Аллоҳ таъала: وَمَاۤ أُمِرُوۤا۟ إِلَّا لِیَعۡبُدُوا۟ ٱللَّهَ مُخۡلِصِینَ لَهُ ٱلدِّینَ Ва ба онҳо амр шуда будки, ки танҳо Аллоҳро ибодат кунанд, дар ҳоле ки дини худро барои Ӯ холис гардонанд. (98:5) ва инчунин сухани Аллоҳ таъала: فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصࣰا لَّهُ ٱلدِّینَ пас Аллоҳро ибодат кун, бо ихлос дар дини Ӯ. أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّینُ ٱلۡخَالِصُۚ огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ аст. (39:2-3) Ва инчунин сухани Аллоҳ таъала: قُلۡ إِنِّیۤ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱللَّهَ مُخۡلِصࣰا لَّهُ ٱلدِّینَ Бигӯ: «ба ман амр шудааст, ки Аллоҳро ибодат кунам бо ихлос дар дини Ӯ. وَأُمِرۡتُ لِأَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ ٱلۡمُسۡلِمِینَ Ва ба ман амр шудааст, то ки аввалин аз мусалмонон бошам». قُلۡ إِنِّیۤ أَخَافُ إِنۡ عَصَیۡتُ رَبِّی عَذَابَ یَوۡمٍ عَظِیمࣲ Бигӯ: «Ман метарсам, ки агар Парвардигорамро нофармонбардори кунам, пас маро азоби рӯзи азим гирифтор мешавад». قُلِ ٱللَّهَ أَعۡبُدُ مُخۡلِصࣰا لَّهُۥ دِینِی. فَٱعۡبُدُوا۟ مَا شِئۡتُم مِّن دُونِهِۦۗ Бигӯ: «Ман Аллоҳро ибодат мекунам, динро ба Ӯ холис карда. Шумо низ ғайр аз Аллоҳ ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». (39:11:15) Аллоҳ таъала ихлосро дар бисёри оятҳа такрор мекунад, ва инчунин сухани Аллоҳ таъала: فَٱدۡعُوا۟ ٱللَّهَ مُخۡلِصِینَ لَهُ ٱلدِّینَ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَـٰفِرُونَ Ба сӯйи Аллоҳ дуо кунед, динро ба Ӯ холис карда, ҳарчанд ин ба кофирон нохуш бошад“. (40:14) Ва маънои ихлос дар он аст, ки ҳамаи ибодатҳо аз барои рӯйи Аллоҳ бошанд, ва ягон чизи аз он ба ягон кас ба ғайр аз аллоҳ сарф нашавад, аз ҳама намудҳои ибодат. Мисли: ду’о, тарс, умед (ар-роҷа, ар-роғба), таваккал, тавба ва анҷомдонани амалҳои нек (ал-инаб), хавф, хушуъ, рукуъ, суҷуд ва ба инҳо монанд аз намдуҳои ибодат, дар амал ва сухан изҳор мешуда. Ва ягон чизе аз ин ба касе ҷуз Аллоҳ сарф намешавад. عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ: قال رَسُولَ اللَّه ﷺ: أَسْعَدُ النَّاسِ بِشَفَاعَتِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ، خَالِصًا مِنْ قَلْبِهِ أَوْ نَفْسِهِ Аз Абу Ҳурайра ривоят мешавад, ки гуфт: “ Расули Аллоҳ ﷺ гуфт: «Хушбахтарин инсон бошафоати ман дар рӯзи қиёмат касест, ки “Ля иляҳа илля АЛлоҳ”ро, бо ихлос дар қалб ё нафсаш гуфт!»” ал-Бухари 99.

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later