«هرگز نخواب کوروش» شعری زیبا از زنده یاد بانو سیمین بهبهانی “Ҳаргиз нахоб Кӯруш“ Шеъри зибо аз зиндаёд бонӯ Симини беҳбаҳонӣ Доро ҷаҳон надорад, Соро забон надорад, Бобо ситорае дар ҳафт осмон надорад. Борон зи чашм хушкид, Албурз лаб фурӯ баст, Ҳатто дили Дамованд оташфишон надорад. Деви сиёҳи дар банд осон раҳиду бигрехт, Рустам дар ин ҳаёҳу гурзи гарон надорад. Ҳаргиз нахоб, Куруш, эй меҳри ориёӣ, Бе номи ту Ватан низ ному нишон надорад. Ҳаргиз нахоб, Куруш, эй меҳри ориёӣ, Бе номи ту Ватан низ ному нишон надорад. Доро, куҷои корӣ?! Дуздони сарзаминат Бар Бесутун нависанд: “Доро ҷаҳон надорад”. Оин ба додхоҳӣ фарёдамон баланд аст, Аммо чӣ суд, ин ҷо Нушервон надорад. Сурху сафеду сабз аст ин байрақи кайонӣ, Аммо садову афсӯс шери жаён надорад. Ҳаргиз нахоб, Куруш, эй меҳри ориёӣ, Бе номи ту Ватан низ ному нишон надорад. Ҳаргиз нахоб, Куруш, эй меҳри ориёӣ, Бе номи ту Ватан низ ному нишон надорад. Ку он ҳакими Тӯсӣ? Шаҳномае сарояд, Ё ин ки шоири мо дигар баён надорад?! Бар ном
Hide player controls
Hide resume playing