Дӯстон дар оғози ин нашри барнома мо мехоҳем дар бораи моҷарои шикояти сарошпази машҳури турк #Бурак #Оздемир бар зидди падараш гуфта гузарем. Гап сари он ки Бурак Оздемир ҳафтаи қабл нисбат ба падараш ба иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз ном ва намоном (бренд)-и тиҷориаш ба додгоҳ шикоят карда, гуфта буд, ки падараш бидуни иҷоза ва огоҳии ӯ шуъбаи истонбулии рестуронашро фурӯхтааст. Вале,падари Бурак баъди расонаӣ шудани даъвои писараш, ки ӯро ба қаллобӣ ва суистифода аз ному тасвираш муттаҳам карда буд, посух гуфт.
Hide player controls
Hide resume playing