Панди падар: Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр, Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар. Ҳайф аз он умр, ки ай бесару по, Дар раҳи тарбиятат кардам сар. Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст, Бехабар аз падараш кард сафар. Ранҷ бисëр кашиду пас аз он, Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар. Оқубат шавкати волое ëфт, Ҳокими шаҳр шуду соҳиби зар. Чанд рӯзе бигузашту пас аз он, Амр фармуд ба эҳзори падар. Падараш омад аз роҳи дароз, Назди ҳоким шуду бишнохт писар. Писар аз ғояти худхоҳиву кибр, Назар афканд ба саропои падар. Гуфт:“Гуфтӣ, ки ту одам нашавӣ“, Ту кунун ҳашмату ҷоҳам бинигар. Пир хандиду сараш дод такон, Гуфт, ин нукта берун шуд аз дар: Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ, Гуфтам, одам нашавӣ, ҷони падар.
Hide player controls
Hide resume playing