Бобоева Гулбаҳор Ашӯрмаматовна, санаи таваллудаш 23 марти соли 1989, аз 30 апрели соли 2022, инак қариб 9 моҳ боз дар Русия дар бистари беморист. Ӯ рӯзи 30 апрел бо сад умеду орзу барои таваллуди фарзанди нахустинаш ба таваллудхонаи шаҳри Гусь-Хрустальнаяи вилояти Владимир рафт. Фарзанди ӯ, ки Салмонаш ном гузоштанд, сиҳату саломат ба дунё омад, вле ҳангоми таваллуд дили Гулбаҳор ду маротиба аз кор монд. Табибон дар пайвастани Гулбаҳор ба дастгоҳи нафасгирӣ каме дер карданд ва майнаи сари Гулбаҳор чанд муддат бе ҳаво (кислород) монд. Дар натиҷа, Гулбаҳор ба ҳолати кома афтод ва чандин моҳ дар мадҳушӣ ба сар бурд. Сорбон Қодиров, ҳамсари Гулбаҳор, ки қариб 9 моҳ боз завҷаашро мисли як кӯдаки хурдсол нигоҳубин мекунад, дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки аҳволи ӯ ҳоло хеле бе
Hide player controls
Hide resume playing