Назиров Аҳмадҷон Шокирович, санаи таваллудаш 31 майи соли 1995, зодаи Тоҷикистон, ки дар деҳаи Ганшинои ноҳияи Белёви вилояти Тулаи Русия ба воя расида, дар саффи артиши Русия хидмат мекард, дар Украина кушта шудааст. Дар ин бора дар Фейсбук духтари амаки ӯ Мафтуна Қосимзода бо ин дубайтии пурсӯз хабар дод: Аз чӣ андӯҳ бигӯям, ёрон, Болин аз оҳу табам сӯхтааст Оҳ, аз оташи ин ҷанги лаъин Хешаму ҳамнасабам сӯхтааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Аҳмадҷон Назировро дар вилояти Тула ба хок супурдаанд. Хонаводаи онҳо тақрибан 20 сол пеш ба ин вилояти Русия кӯчида буданд. Агар умр вафояш мекард, рӯзи 31 май Аҳмадҷон ба синни 28 мерасид. Аз аввали ҷанги Русия ба зидди Украина дар бораи ҳалокати даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Қариб ҳамаи онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.
Hide player controls
Hide resume playing