Акбари 23-сола навозандаи ғайриоддист – ӯ 15 асбоби мусиқиро озод навохта метавонад. Акбарро нобиноӣ то имрӯз азият медиҳад. Мегӯяд ба ин ҳама нигоҳ накарда бо кӯмаки падараш кушидааст то ин касбро биомӯзад. Мегӯяд касби навозандагӣ имрӯз нонаш медиҳад. Бо баъзе гурӯҳои навозандагӣ ҳамкори мекунад ва зиндагии имрӯзаашро пеш мебарад. Акбар Каримов ҳамагӣ 4 сол дошт, ки аз сабаби фишори мағзӣ ба чашмонаш осеб расид ва дигар наметавонист дунёро бо чашмони сар бубинад. Ҳаёт барояш хело сахт буд. Кӯдаке, ки ҳоло сарфаҳми чизе намерафт. Бадиро аз хубӣ наметавонист фарқ кунад. Худ намедонист ки чаро Худо ин дардро барояш раво дида. Аз оне, ки ба Худо ва амалҳояш бовар дошт, ҳамаро таҳаммул кард ва кӯшид то ба ин ҳама одат кунад. Аз миён рӯзҳои зиёд гузашт, тақрибан ду сол! Акбар акнун 6 сола шуд ва тасмим гирифт то аз соли дигар ба мактаб равад. Барои ин хело омодагӣ гирифта буд. Ҳарчанд наметавонист дунёро бубинад, вале завқи кӯдакияш меҷушиду акбари хурдсолро, ки чанде пеш аз биноӣ маҳрумшуда буд, тела медод
Hide player controls
Hide resume playing