“Mavrigi“ ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert Биё ороми ҷонам, мурчамиёнам Биё нури ду айнам, биё ҳаштрӯза ёрам Биё ҳафта ба ҳафта, биё шишаи шаробам Биё панҷаи хуршед, биё чора надорам Биё себи Самарқанд, биё дурӯза ёрам Биё якка ба якка! Вақти гули савсан-а, лабота бӯсам-а, Тоза арӯсам-а, майгулу маюсам-а Гиря накун, муҳаррам, ёр бевафоӣ дорад Ёр бевафо чӣ бошад, лафзи ҳалол дорад. Гар ба ханда лаълашро майли шакарафшоне З-он ду лаби ширинаш хандаҳои пинҳоне Қатра қатра мерезад хунам аз дами теғаш Нахли боғи умрамро ин бувад гулафшоне Шӯхи дилрабои ман, ман ки мубталои ту Дардама даво созад холаки сиёҳи ту Ҳусни безаволи ту вақте шуд камони ту Аз худоям мехоҳам рӯзу шаб висоли ту Ҷонона ҳавои ман, дарвозадарои ман Бороне ки меборад, тар мешӯд қафои ман Ҷонона ба боғ омад, ҷонам ба лабом омад Як бӯса талаб кардам, моҳи рамазон омад.
Hide player controls
Hide resume playing