Ҷамшед Орипов, масъули идораи гумруки Суғд, гуфт ҳар коре аз дасташон омад барои дастгирии соҳибмулкон анҷом доданд, аммо иҷозати ба расмият даровардани худравҳоро надоранд. “Тибқи низоми гумрукӣ соҳибкорон метавонанд ин мошинҳоро бозпас гардонанд ва ё пора карда, ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ ба расмияти гумрукӣ дароранд”, - гуфт масъули гумрук. Ҳукумат моҳи августи соли 2023 қарори манъи воридоти мошинҳои тавлидашон то соли 2013-ро қабул намуд, ки аз моҳи октябри ҳамон сол мавриди амал қарор гирифт.
Hide player controls
Hide resume playing