Мо дузахиёнем, ки оташ ватани мост, Хун нест - шарор аст, ки ҷорӣ ба тани мост. Таъбиргари ҳастии мо бин, ки ба сад шавқ, Наззорагари лаҳзаи вайрон шудани мост. Дигар дари дилро накушоем ба номард, Танҳоии мо қуллаи душманшиканӣ мост. Сад бор ба сад теша заданд боз ситезад, Фарҳод ҳиҷолатзадаи Кӯҳкани мост. Мо қолабу қонуни забонро нашиносем, Ҳар нола, ки ҷонсӯз барояд сухани мост.
Hide player controls
Hide resume playing