Роҳбарияти ансамбли давлатии “Фалак“-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири равнақу ривоҷи санъати миллӣ, таъмини завқу хоҳиши дустдорони Фалак ва бедор кардани шуру шавқи навқадамони ин ҷода сафҳаи расмии худро дар Ютуб боз намуд. Акнун Шумо тозатарин таронаҳои фалакиро бо сабку услуби ҷадид дар иҷрои ҳунармандони хушкору боистеъдоди ансамбли давлатии “Фалак“ дар ин сахифа метавонед бубинеду бишунавед. Мудирияти гуруҳ ба дастгирӣ ва тарғибу ташвиқи пайвастаи Шумо ниёз дорад. Фаромуш накунед, ки ҳамовозии Шумо муҷиби тавлид, эҷод ва рӯи кор омадани таронаҳои ҷадид аз сӯи мо хоҳад шуд. Мо “Фалак“-и аслро ба Шумо ироа мекунем!
Hide player controls
Hide resume playing