Myvideo

Guest

Login

Муъмин аноат

Uploaded By: Myvideo
11,311 views
0
0 votes
0

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН САРАХБОР Эй додгоҳи хокиён, эй осмони бекарон, Танг аст ҳоли тоҷикон дар хоку зери хокдон! Эй дуди оташгоҳҳо, омоҷгоҳи оҳҳо, Тахти баланди Аҳуро, бахти бади аҷдодҳо! Гӯянд бар аҷдоди мо будӣ зафар, будӣ падар, Аз шакли ту месохтанд мардони майдонӣ сипар. Байроқи адли ковиён пар мезадӣ болои сар Дар дасти садҳо дастаи озодагони Бохтар. Ҳам тухмаи мардона чун дурдона зери обҳо, То ин ки рӯяд аз замин Фирдавсию Сӯҳробҳо… Модархудо будӣ Замин, модархудои васлҳо, Модархудои наслҳо, модархудои фаслҳо. Гуфто Замин: «Эй Одамӣ, аз хандаат гул мекунам, Гар тифл рӯяд аз гулам, тифлона ғул-ғул мекунам. Гоҳе гули гандум шавам, дар мавҷи тилло гум шавам, Пайдо шавам дар хони ту, чун файзи дастархони ту, Чун шоҳиди эҳсони ман, чун меҳнати дастони ту. Ман духтари дар бистарам, эй он, ки мекорӣ маро Бо дасти чап, бо дасти рост, чун ганҷ бардорӣ маро… Ман модарам, тифли туро бо чашмсерӣ парварам. Ман доварам, доди туро то осмонҳо мебарам…» Тоҷик зи роҳи ростӣ аввал заминро кишт ка

Share with your friends

Link:

Embed:

Video Size:

Custom size:

x

Add to Playlist:

Favorites
My Playlist
Watch Later