Қабл аз ин, ӯ ба халқ муроҷиат карда, истеъфои худро ба “далоили усулӣ“ рабт дод. Горбачёв хондани матнро тамом карда, ба пиёлаи чойи рӯи миз нигарист. Он холӣ буд. Ӯ айнакашро гирифта, аз сари миз бархост. Ин дақиқаҳои охирини ӯ дар утоқи кории Кремл буданд. Пас аз даҳ дақиқа маршал Шапошников аз Горбачёв ҷомадонча бо рамзҳои назорати яроқи ҳастаиро қабул кард. Дар давоми як рӯз Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.
Hide player controls
Hide resume playing