Махлуқи ношиносе, ки чандин рӯз сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои атрофи онро безобита мекарду мардум онро “ҷин” гумон мекарданд, дар асл як марди африқоитабор будааст, ки аз гуруснагӣ дар ҷустуҷӯи ягон хӯрданӣ шабҳо ба хонаҳои сокинон медаромадааст. Мардум дар Ваҳдат аз тарси ин “ҷин” ҳатто шабона дар атрофи деҳаҳо посгоҳҳо ташкил карда буданд. Рӯзи 20 августи соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки “ҷин”-и Ваҳдат билохира ёфт ва дастгир карда шуд. Бино ба иттилои нашршуда, дар асл дастгиршуда Дани ном шаҳрванди кишвари африқоии Уганда будааст, ки ӯро мардум ҷину аҷина гумон бурда, чанд шаб аз тарс хоб накардаанд. Дар хабари нашршуда гуфта мешавад, ки зимни бозпурсӣ муайян карда шудааст, ки Дани аз гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки барои дарёфти нон ё ягон хӯрданӣ шабҳо ба хонаҳои сокинон дарояд. Ӯ ин корро шабҳо анҷом медодааст. Як шаб сокинон барои боздошти Дани аз пасаш медаванд ва Дани аз тарс аз болои бомҳои хонаҳо парида, фирор кардааст. Чусту чолокии ӯ ҳангоми фирор ба тарсу таҳлукаи мардум дар Ваҳдат боз ҳам афзуда, бархе ӯро ба кенгуруи одамсимо ва бархе ба марди анкабут (человек-паук) монанд кардаанд. Маълум нест, ки Дани кай ва чӣ гуна ба Тоҷикистон омадааст ба чӣ сабаб дучори чунин ҳолати тоқатфарсо гардида, ҳатто гуруснагӣ кашидааст? Он ҳам дар кишваре, ки мардумаш бо меҳмоннавозии худ шуҳрат доранд.
Hide player controls
Hide resume playing