Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст. Унсурӣ Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000 то 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Ҷашнм Садаро агар бо як калима баён кунем, ҷашни ОТАШ ном дорад. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он-гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми мо ба назар мерасад. Дар ҳамин ҳол Зафари Мирзоён фарҳангшиноси маҳаллӣ аз зинда шудани ин ҷашн истиқбол мекунад. Ӯ мегӯяд, ҷашни Садаро гузаштагони тоҷикон ба он хотир таҷлил мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз гузаштааст ва сардиҳо пушти сар шудаанд. “Гузаштагони мо солро ба ду тақсим мекарданд. Панҷ моҳ зимтстон ва ҳафт моҳро тобистон медонистанд. Дар рӯзи се моҳу даҳ рӯз гузаштан аз зимистон, яъне
Hide player controls
Hide resume playing